Муқова Сиёсат Назар Иқтисод Иҷтимоъ Фарҳанг Тандурустӣ Дунё Технология Варзиш Илм-фанноварӣ Матбуот

Соли асп
25.12.2013 — «Навид.tj»
Соли асп

Имрӯз дар кӯчаву бозор ва мағозаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерсад, ки зиёдтар акси асп дар фурӯш аст. Ин манзара ҳамасола миёни сокинон дар моҳҳои декабр ва январ ҳамчун анъана роиҷ шудааст. Масалан, солҳои гузашта дар тақвимҳои солшумории мелодӣ акси мор, наҳанг, харгӯш, паланг ва ғайра дар фурӯш дида мешуд.

Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз мардум ба тақвими «мучал»-и шарқӣ побанданд, ки мутобиқи он Соли нави 2014 соли асп мебошад. Яъне соли мор бо суботкориву сабурӣ ва бурдбориву мустақилӣ сипарӣ шуда, ҷояшро бо Соли асп иваз мекунад...

Тибқи фарҳанги мардумӣ дар баробари солшумориҳои мелодӣ (григориянӣ-аврупоӣ), ҳиҷрии қамарӣ ва ҳиҷрии шамсӣ, инчунин тақвими суннатии «мучал» номи дигараш «мўлҷар» низ маъмул аст.

Ба боварии муаррихон тақвими «мучал» бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рўйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст.

Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абунасри Фарохӣ дар асараш «Нисоб-ус-сибён» тартиби солҳои баён шударо ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст:

Мушу бақару палангу харгўш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор.
В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Солшумории мазкур аз дувоздаҳ сол иборат буда, ҳар як сол номи як ҳайвонро соҳиб аст. Пас аз ҳар 12 сол як даври комили «мучал» ба поён мерасад ва ба он як соли батнимодариро ҳамроҳ мекунанд, ки он 13 сол мешавад ва якҷоя бо «мучал»-и дуюм 25 солро дар бар мегирад. Аз рўйи он бо истифода аз ҳисоби даврии «мучал» соли ҳар шахсро муайян намудан мумкин аст. Оғози як давраи «мучал» аз тартиби ҷойгиршавии ҷонварҳо тавре дар боло зикр шуд, чунин шуруъ мешавад. Муш, бақар (гов), паланг, харгўш, наҳанг (моҳӣ), мор, асп, гўсфанд, ҳамдуна (маймун), мурғ, саг ва хук.

Баргардонидани соли таваллуди мелодӣ ба «мучал»-ро чунин муайян мекунанд: аввал ба соли таваллуд (аз рўи солшумории мелодӣ) рақами 9-ро ҷамъ мекунанд, ҳосили ҷамъро ба рақами 12 тақсим менамоянд ва рақами бақияи тақсим айнан ба рақами тартиби ин ё он соли «мучал» баробар меояд. Масалан, агар соли таваллуди шахс 1963 бошад, он гоҳ дар ҳисоби «мучал» чунин мешавад:

1963+9= 1972
1972:12=164
(бақия - 4)

Пас, рақами 4 аз рўи тартиби мучал яъне, ҳайвонҳо ба соли харгӯш рост меояд. Аз ин рў, соли ў харгӯш мебошад. Амсоли ин, агар бақия 2 бошад, бақар, бақия 6 бошад -мор ва агар бақия 10 бошад - мучалаш мурғ мешавад.

Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ, аз рўйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рўйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгўйӣ мекунанд.

Маслан, ба боварии мардум соли асп соли хушоянд мебошад. Ашхосе, ки дар ин сол зода шудаанд , беқарор, серҳаракат дар амали эҷод саъйи зиёд намуда, дар иҷрои кори ҷисмонӣ рағбати беандоза ва ба душвориҳои зиндагӣ бо сабур мебошанд. Инчунин, вобаста ба «мучал»-и аспашон зудбовар мешавад, вале аз ғайбатгўйӣ дурӣ меҷӯяд, камсухану шунавандаи хуб мегарданд.

Чорпои зикршуда, яке аз ҳайвонҳои нозуки боғайрат буда, корҳои вазнин ва бисёр серҳараткатро иҷро мекунад ва аз ҷиҳати хислат ба инсон наздикӣ дорад. Бисёриҳо оростагиро хоси ин ҷонвар дониста, аспро бо шиҳакшӣ, тавоноӣ ва сифатҳои таковариву ҷилои назаррабоии баданаш аз дигар ҳайвонот фарқкунанда номидаанд. Дар таърих низ бузургон бо хитоб ба волидайн таъкид кардаанд, ки ба фарзандонатон аспсавориро таълим диҳед. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 44 миллион сар асп мавҷуд аст.

Ба ҳамин минвол тамоми солҳои тақвимии мучал вобаста ба хусусияти ҳайвонҳои 12-гона шарҳ дода мешавад. Ба ин тартиб, Соли нави 2014 мувофиқи тақвими суннатии мучал, ки Соли асп аст, тибқи боварҳои мардумӣ, барои аксарият соли матиниву қавииродагӣ, пуртаҳаммулу ботамкинӣ ва масъулиятшиносиу суботкорӣ ва барои давлат соли заҳмату пуркорӣ ва сертараддудӣ хоҳад буд.

Бозгашт ба рӯйхат
 
 
Матни паём*
Защита от автоматических сообщений
 


Матолиби серхонанда
Обу ҳаво




Назарсанҷӣ
  1. Кадом намуди варзиш ба шумо писанд аст?


Паёми худкор