Муқова Сиёсат Назар Иқтисод Иҷтимоъ Фарҳанг Тандурустӣ Дунё Технология Варзиш Илм-фанноварӣ Матбуот

Оғози намоишгоҳи аксҳои Муҳиддин Олимпур дар Душанбе
13.12.2012 — «Навид.tj»
Оғози намоишгоҳи аксҳои Муҳиддин Олимпур дар Душанбе

Имрӯз, дар шаҳри Душанбе бахшида ба солрӯзи қатли рӯзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур, аввалин хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, намоишгоҳи аксҳои гирифтаи ӯ ифтитоҳ ёфт.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони ин намоишгоҳ, беш аз 40 акс аз бойгонии марҳум Олимпур дар маърази тамошо гузошта шудааст. Аксҳои гирифтаи ӯ бештар фарогири манзараҳои табиати кишвар буда, мазмуни таърихиву фарҳангӣ доранд.

Бояд гуфт, 20 сол пеш маҳз бо кӯмаки ӯ таърихи фаъолияти бахши форсии Би-би-сӣ ба унвони яке аз қадимитарин бахшҳои расонаи ҷаҳонӣ, ки соли 1940 ифтитоҳ шуд, дар кишвар муаррифӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки роҳбари бахши тоҷикии Би-Би-Си дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур 13 декабри соли 1995 дар Душанбе ҳадафи ҳуҷуми гурӯҳи террористон қарор гирифта буд. Суди Олӣ соли 2003 сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли М. Олимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум карда буд. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Русия фирор карда буд. Мақомоти муҳофизи қонуни Русия ӯро дар шаҳри Санкт- Петербург барои талаю тороҷ ба мӯҳлати 7 сол ҳабс карда буданд. Баъдан мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Н.Шарипов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супорида, равонаи зиндон шуд.

Бозгашт ба рӯйхат
 
 
Матни паём*
Защита от автоматических сообщений
 


Матолиби серхонанда
Обу ҳаво




Назарсанҷӣ
  1. Кадом намуди варзиш ба шумо писанд аст?


Паёми худкор