МУҲАММАД ИСМОИЛХОН БА ТОҶИКИСТОН ОМАД

navid
Дакикахо. хондан: 1

Волии пешини Ҳирот ва яке аз фармондеҳони ҷиҳоду муқовимати Ҷамъияти Исломии Афғонистон Амир Муҳаммад Исмомлхон ба Душанбе омад ва дар назар аст, ки дар даври 11-уми Гуфтугӯйи амниятии Ҳирот иштирок кунад. 

Исмоилхон, ки хезишҳои мардумро дар Ҳирот дар замони истилои Толибон бар дӯш дошт, баъди суқути Ҳирот дар Эрон паноҳ мебурд. Манбаъҳои дигар инро ба вазъи саломатиаш нисбат медиҳанд. 

Амир Исмоилхон соли 1946 дар Ҳироти Афғонистон дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Дар замони ҷанги Афғонистон бо ИҶШС (1979-89) чун роҳбари муҷоҳидон дар Ҳирот шуҳрат пайдо карда буд. Сипас ҳамчун яке аз роҳбарони “Иттифоқи шимол” дар солҳои 1996-2001 адои вазифа кард. Исмоилхон аз соли 2001 то соли 2021 волии Ҳирот буд. Ҳанӯз дар замони вазири обу барқи Афғонистон буданаш ба Тоҷикистон омада буд. Дар миёни мардуми Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад.

12-уми августи соли 2021 Толибон Ҳиротро ишғол карданд ва Исмоилхонро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Пас озод шуда, ба Эрон муҳоҷират кард.  Дар Афғонистон ӯ бо номи “Шери Ҳирот” машҳур аст.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik