ПОЁНИ ҲАМОЙИШИ “ГУФТУГӮҲОИ АМНИЯТИИ ҲИРОТ”

navid
Дакикахо. хондан: 5

Ҳамойиши дурӯзаи “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Ин конфронс аз сӯйи Муассисаи мутолеоти стратегии Афғонистон бо унвони «Бозхонии Афғонистон: роҳкорҳои мутафовит» баргузор шуд.

Ба гуфтаи Муассисаи мутолеоти стратегии Афғонистон, наздик ба 150 нафар аз 25 кишвару созмони байнулалмилалӣ, аз ҷумлаи дипломатҳои пешини амрикоӣ ва аврупоӣ дар ин нишаст ҳузур доштанд. Масъулони ин созмон гуфтанд, ки аз низоми Толибон ҳам даъват шуда буд, ки намояндагони худро ба ин нишаст бифиристанд, аммҳаммойиш ҳозир нашуданд.

Илова бар ин ҳузури бархе мақомҳои пешини Афғонистон, аз ҷумлаи Раҳматуллоҳ Набил – раиси пешини Амнияти миллии Афғонистон, Рангин Додфар Спанто – мушовири пешини Амнияти миллии Афғонистон, даҳҳо чеҳраи мухолифи Толибон ва умдатан раҳбарони пешини ҷиҳодии Афғонистони ҳам дар ин нишаст ширкат доштанд.

Рангин Додфар Спанто дар ин нишаст гуфт, ки пас аз «дарҳам шикастану таслими Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба гурӯҳи Толибон», ҳукумати ин гурӯҳ ба «истибдоду ҷафокорӣ, он ҳам ба бадавитарин шакл» идома медиҳад. Ӯ гуфт: «Муборизаи мардуми мо то расидан ба озодӣ ва адолат идома хоҳад ёфт». Спанто гуфт: «Толибон дар натиҷаи нокоромадии давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дар пайомади дигаргуниҳои сохторӣ, дар низоми сиёсии байналмилалӣ ва шароити стратегии навини ҷаҳон ба қудрат расиданд».

Бархе чеҳраҳои шинохташудаи паштунҳои Покистон, аз ҷумлаи Муҳсини Довар, Афросиёби Хаттак ва Бушро Гавҳар – аъзои пешини порлумони Покистон ҳам дар конфронс ширкат доштанд.

Муҳсини Довар гуфт, ки баргузарии чунин гуфтугӯҳо барои Афғонистон бисёр зарур аст, чун гурӯҳе «бо зӯри туфанг» бар Афғонистони мусаллат шудааст. Довар аз амалҳои ҳукумати Толибон дар Афғонистон интиқод кард ва гуфт: «Толибон дар садади касби машруъияти хориҷӣ ҳастанд, аммо ба касби машруъият аз мардуми Афғонистон фикр накардаанд». Ҳарчанд аз мусаллат шудани Толибон бар Афғонистону ташкили ҳукумати он беш аз ду солу се моҳ мегузарад, то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати он гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.

Бушро Гавҳар – яке аз раҳбарони аршади Ҷунбиши миллӣ-демократии Покистон, аз муқовимати занони афғон дар баробари Толибон ситойиш карда гуфт: «Бояд шуҷоати занони афғонро тасдиқ кунем, зеро онон на танҳо барои ҳуқуқи худашон, балки барои ҳуқуқи занон дар минтақа ва фаротар аз он мубориза мекунанд». Толибон, аз замоне ки ҳукумати Афғонистонро ба даст дарварданд, маҳдудиятҳои зиёдеро барои занон эҷод сохта ва занону духтаронро аз ҳаққи кору омӯзиши болотар аз синфи шашум маҳрум кардаанд.

Шукрия Боракзай – узви пешини Шӯрои миллии Афғонистон, ҳам бо таъкид бар аҳаммияти чунин нишастҳо гуфт, ки нигарониҳои мардуми Афғонистон дар ин нишастҳо бозтоб меёбад. Ӯ таъкид кард: «Ин нукта матраҳ аст, ки «чӣ гуна Афғонистон ба суди минтақа ва ҷаҳон аст: Афғонистоне, ки ба самти терроризм кашонда мешаваду даргири буҳрони дохилӣ ва минтақаӣ аст, ё Афғонистоне, ки ба сӯйи расму русуми ҷаҳонӣ ба пеши рафта ва дар он ташдиду хушунат ҷое надорад».

Дар ҳошияи ин нишаст, Раҳматуллоҳ Набил – раиси пешини Амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки дар Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот, баҳсҳои академикӣ ва таҳқиқотӣ матраҳ шуд, аммо нишаст ҷанбаи сиёсӣ надошт. Зеро дар хусуси Толибон, шафофият, дидгоҳу иҷмоъӣ дар минтақа вуҷуд надорад. Дидгоҳҳо бисёр гуногун аст, бархе Афғонистонро як «сиёҳчол» мепиндоранд ва бархе ҳам ба чашми як фурсат ба он нигоҳ мекунанд. Баргардондани Афғонистон ба дасти мардуми он, боиси ҳалли ин дидгоҳҳои гуногун хоҳад шуд». 

Дар нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе ҳайатҳои ширкаткунанда масоили гуногуни марбут ба Афғонистон, аз ҷумла «опортоиди ҷинсиятӣ, масойили амниятӣ, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва коромадии ин кумакҳо»-ро ба баҳс гирифтанд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik