БАЗМИ ШЕЪРИ БОЗОР СОБИР

БАЗМИ ШЕЪРИ БОЗОР СОБИР

navid
Дакикахо. хондан: 1

Имрӯз дар шаҳристони Файзобод ба ифтихори 85-солагии шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир маҳфили бошукӯҳ баргузор шуд. 

Дар маҳфил шоирону нависандагон, роҳбарияти ҳукумати ноҳия, ҳунармандону сарояндагон, рузноманигорону ҳаводорони шеъри устод ва фаъолон ноҳияи Файзобод иштирок доштанд.

Дар маҳфил Низом Қосим – раиси Иттифоқи нависандагон, адибони номдор Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Шаҳрия, Ортиқ Қодир ва чанде дигар аз ёддоштҳои худ бо устод Бозор Собир ва ашъори ӯро пешкаши бинадагон карданд. Ҳунармандони шинохта Саидқул Билол, Ибодулло Машраб, Муҳаррама Шарифова ва сарояндагони Филармонияи Файзобод бо иҷрои суруду таронаҳо бар ашъори устод хотири ширкатдоронро шод гардонданд.  

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik