МАКТАБИ БА НОМИ БОЗОР СОБИР

navid
Дакикахо. хондан: 1

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Бозор Собир гузошта шуд.

Дирӯз дар кишвар 85-умин солгарди таваллуди шоири шуҳратёри тоҷик Бозор Собир баргузор шуд. Ба ин муносибат бо қарори раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо мақсади абадӣ гардонидани хотира ба номи шоири тавонои Тоҷикистон Бозор Собир гузошта шуд. 

Ба ин муносибат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ба номи Бозор Собири шаҳри Душанбе маҳфили ширу шакар таҳти унвони “Шоиру шеъре агар ҳаст.”, баргузор шуд. Дар маҳфил намояндагони ҳукумат, аҳли фарҳанг ва ҳаводорони шеъри волои шоир ширкат карда, дар бораи ҷойгоҳи шоир, бозёфту мақоми шеъраш сухан гуфтанд ва намунаҳои чакомаҳояшро дар қироати ровиён ва ҳунармандон шуниданд. Базми шеъри Бозор Собир бошукуҳу хотирмон буд.  

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik