Чашни Бозор

navid
Дакикахо. хондан: 1

Зодрӯзи устод Бозор Собир – шоири беназири асри мо барои ҳамаи дӯстдорони шеъри воло хуҷаста бод.

Бозор Собир 

ШОИРУ ШЕЪРЕ АГАР ҲАСТ
Ман намедонам, ки дар савдои шеър,
Шоири аз шоирӣ ношод кист,
Лек рӯзе бе ғазал, бе шеъри тар монад агар лабҳои ман,
Чун лабони чашмаҳои хушк парсин мезанад,
Ҳеч кас монанди ман ношод нест.
Шоиреро офаридан кори як садсола аст,
Сахт коре, бори як сайёра аст.
Ҳамчу сарват шоире гум кардан осон асту лек,
Ҳамчу шуҳрат шоире дарёфтан бас мушкил аст.
Қитъае холист бе Фирдавсии тӯсӣ ҳанӯз,
Қитъаи бечораи як шоири соҳибдил аст…
Розиям мирам, маро дар хок нагзоранду лек
Шеър дар дастам бимирам,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik