ДАРДИ МАРДУМИ АФҒОНИСТОН НАДОШТАНИ ҲУКУМАТИ ҚОНУНИСТ

navid
Дакикахо. хондан: 1

Ин нуктаро Рангини Додфар Спанто – вазири собиқи Умури хориҷаи ҳукумати пешин баён кард.
Рангини Додфар Спанто – мушовири пешини амнияти миллӣ ва вазири собиқи Умури хориҷаи ҳукумати пешин ва аз аъзои Муассисаи мутолеоти стратегии Афғонистон тайи суханронӣ дар бозкушоии конфаронси Гуфтугҳои    амниятии Ҳирот гуфт: «Нигоҳи ҷаҳони берун ба муъзали (мушкилоти) Афғонистон бо нигоҳи аксари мардуми Афғонистони     тафовутҳои зиёд дорад». Вай таъкид кард: «Дарди мардуми Хуросон (Афғонистон) надоштани истиқлол, надоштани     ҳукумати қонунӣ, надоштани амнияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, маҳрум будан аз рушди иқтисодию баробарии фарҳангӣ ва қавмист».

Ӯ дар идома ошкор гуфт, ки: «Дар тамоми пешниҳодҳое ки токунун дар иртибот бо сиёсати таъомул бо Толибони матраҳ шуда, ҳеч тарҳи мушаххас ва нақшаи роҳкор бо натиҷаи ниҳоӣ матраҳ нашудааст».

Рангин Додфар Спанто дар бахши дигаре аз суханронии худ таъкид кард, ки: «Мардуми Афғонистон бо стандартҳои дугона тафоҳум нахоҳанд дошт ва рӯйкардҳои дугона дар сиёсати байналмилалӣ ба ҷое нахоҳанд расид». Ӯ дар ин нишаст хостори ҳамкории байналмилалӣ барои ислоҳи вазъияти кунунии Афғонистон шуд ва аз Амрико ва НАТО хост то саҳми худро дар бораи авоқиби пас аз хуруҷ аз Афғонистон бипазиранд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik