МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

navid
Дакикахо. хондан: 1

Чанд лаҳза пас, соати 14-00 ба вақти Душанбе дар шаҳри Исломобод  миёни тими футболи Тоҷикистон ва Покистон мусобиқа баргузор мешавад.

Тими мунтахаби Тоҷикистону Покистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 ба масофи ҳам меоянд. То ин замон ҳарду даста ду маротиба ба ҳам вохӯрда, дар ҳарду навбат футболбозони Тоҷикистон ғалаба ба даст оварданд. Бозии охирин соли 2013 бо ғалабаи Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 анҷом шуд.  Аммо ин бозӣ аз он бозӣ комилан фарқ хоҳад кард. Пеш аз ин Покистон дар сафар мусобиқаро бо Арабистони Саудӣ ба  ҳисоби 0-4 бохт ва тими Тоҷикистон дар майдони худ ҳисобро бо Урдун мусовӣ кард.   

Мунтахаби Покистон дар панҷ бозии охири худ танҳо як ғалаба дораду дар поёни ҷадвал қарор гирифтааст. Тими Тоҷикистон дар панҷ бозии охири худ се ғалаба, як мусовӣ ва як шикаст дорад. Ҳоло барои тими мунтахаби Тоҷикистон се хол чун боду ҳаво зарур аст.    

Ба тими мунтахаби Тоҷикистон барор мехоҳем.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik