НИГОҲИ МУХТАСАР БА МАСОЙИЛИ ГЕОПОЛИТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ, АФҒОНИСТОНУ ОСИЁИ ҶАНУБӢ

navid
Дакикахо. хондан: 8
Central Asia Political Map and flat map icons. Vector illustration.

Наҷибуллоҳ Алихел – сафири пешини Афғонистон дар Покистон

Хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ва таҳоҷуми Русия бар Украин дар феврали соли 2022 Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро барои қудратҳои бузург ба минтақаи геополитикии муҳим бадал кардааст. Мавқеъияти ҷуғрофиёии ин минтақа акнун дар роҳбурди қудратҳо, аҳаммияти ҷадиде ёфтааст.

Осиёи марказӣ

Осиёи Марказӣ бо доштани захираҳои азими нафту газ, маводди маъдании камёбу уран аз муддатҳо мавриди тавваҷуҳи ИМА, Чину Русия қарор дорад ва дар миёни ин кишварҳо рақобату бозии бузург идома доштааст.

Бо он ки Русия Осиёи Марказӣ(Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистону Қирғизистон)-ро минтақаи манофеи ҳаётии хеш мешуморад ва дар гузашта аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ дар ин минтақа аз нуфузи пойдоре бархӯрдор буд, аммо ҳамла бар Украин барои нақши Русия дар Осиёи Марказӣ пайомадҳои манфӣ ба ҷо гузоштааст. 5 кишвари Осиёи Марказӣ аз таҳоҷуми Русия бар Украин ҳимоят накарданд.

Дар ин авзоъ Чин сиёсати густариши муносиботи иқтисодӣ ва амниятӣ бо Осиёи Марказиро дар пеш гирифтааст, ки дарвоқеъ талоше барои татбиқи тарҳи камарбанду роҳ дар ин минтақа аст.

Аз сӯйи дигар, ИМ Амрико ва Чин баҳси ду кишвари бузургу рақиби аслӣ, сиёсати тақобулу садама задан ба манофеи якдигарро дунбол мекунанд, ки меҳвари аслии ин рақобат дар Осиё аст.

Гуфта мешавад, ки ИМА дар ин ҳавза ва баҳри Ҳинд дар баробари Чин мавзеъи худро мустаҳкам кар-дааст, вале Чин талош дорад, то ҷойгоҳи худро дар Осиёи Марказӣ аз тариқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва баргузории нишастҳо дар сатҳи сарон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ побарҷо ва ба наҳве заъфи мавқеъияташ дар Осиёро ҷуброн кунад.

Дар ин иртибот солиҷорӣ ишвари Чин нахустин иҷлос бо сарони Осиёи Марказиро мизбонӣ кард, ки ҳадафи умдаи он афзоиши кумакҳои Чин барои тавсеаи иқтисодӣ ва масоили амниятии Осиёи Марказӣ буд ва қарор аст дувумин иҷлоси сарон дар соли 2025 дубора баргузор шавад.

Дар ҳоли ҳозир, бузургтарин дағдағаву нигаронии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдидҳои амниятӣ мебошад, чунин падида дурнамои барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва сармоягузории Чин, интиқоли энержӣ ва масоили ҳамлу нақлро бо мавонеъи ҷаддӣ рӯбарӯ мекунад.

Аз ҷониби дигар, Вашингтон дар чорчӯби 5 кишвари Осиёи Марказӣ ба изофаи ИМА (C5+1), ки дар соли 2015 дар сатҳи вазирони умури хориҷа ташкил ёфтааст, муносиботи худро бо мамолики мазкур пайгирӣ мекунад. Охирин ҷаласаи он дар моҳи августи соли ҷорӣ, дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Ба ҳар ҳол, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарки манофеи доимиашон сиёсати мутаъодилу доштани муносибот бо ҳамаи тарафҳо – Ғарб, Чину Русияро дар пеш гирифта ва худро аз рақобатҳои давр нигаҳ доштаанд.

Афғонистон

Афғонистон бо Тоҷикистон, Узбакистону Туркманистон ҳаммарз аст, ки яке аз нигарониҳои умдаи ин кишварҳо аз ноҳияи Афғонистон афзойиши ифротгароӣ ва таҳдидҳои террористӣ аст. Афғонистон аз лиҳози мавқе-ияти ҷуғрофиёӣ баҳси гузаргоҳи иттисолии миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанӯбӣ ва ҳамчунон захираҳои азими маъодину манобеи обӣ, дар геополитикаи минтақа аз ҷойгоҳи хосу дурнамои стратегӣ бархӯрдор аст. Албата Афғонистон то ҳанӯз ба далелҳои гуногун аз зарфиятҳои худ истифода накардааст.

Ба назар мерасад, дар ҳоли ҳозир дар хусуси қазияи Афғонистон тавофуқи воқеӣ ва диди муштарак дар сатҳи минтақа ва фароминтақа вуҷуд надорад ва ба гумони бештаринҳо то интихоботи соли 2024 дар Амрико вазъият ба ҳамин минвол идома хоҳад ёфт.

Бидуни шак, як Афғонистони босуботу дорои эътибори байналмилалӣ нақши ҳаётӣ дар басту тавсеаи тиҷорату тронзит ва истифода аз манобеу сирват ифоъ хоҳад кард.

Осиёи ҷанӯбӣ

Осиёи Ҷанубӣ, ки ба далели хусуматҳои торихии ду кишвари атомии Ҳинду Покистон, аз лиҳози амниятӣ минтақаи ҳассос ба ҳисоб меояд, аз муддатҳо шоҳиди рақобати ИМ Амрико ва Чин будааст. ИМА бо Ҳиндустон ҳамкорӣ ва мушорикати стратегӣ дорад ва бо Покистон ин муносибот аксаран бо фарозу нашеб ҳамроҳ будааст.

Аммо Чину Покистон якдигарро ба ҳайси дӯсти амиқ қаламдод карда ва ҳамкориҳои стротежик дар ҳамаи арсаҳо, ба шумули низомӣ ва иқтисодӣ, доранд. “Даҳлези иқтисодӣ”-и Чину Покистон (CPEC), баҳси як пружаи азими иқтисодӣ мебошад, ки аҳаммияти Покистон аз лиҳози иқтисодӣ барои Чин умдатан дар татбиқи ҳамин лоиҳа наҳуфтааст.

Пружаи “Даҳлези иқтисодӣ” бо ҳазинаи 62 миллиард доллар аз соли 2015 оғоз ёфта ва такмили он бо бархе чолишҳо низ рӯбарӯ аст. Ин пружа шомили барномаҳои иқтисодии зербиноӣ, монанди тавсеаи бандари Гводар, ҳамлу нақл ва интиқоли энержӣ аз масири иёлати Шинҷон-Уйғури Чин ва бандари Гводари Покистон ба халиҷи Форсро дар бар мегирад.

Амрико ва Ҳиндустон сиёсати ба чолиш кашидану рақобат бо даҳлези иқтисодии Чину Покистон ва тарҳи роҳу камарбандро дар пеш гирифтаанд. Ин сиёсат баргузории муваффақонаи иҷлоси ахири гурӯҳи 20 дар Деҳлии ҷадид ва тавофуқ рӯйи Даҳлези ҳамлу нақлу интиқоли энержӣ (IMEC) боиси нигаронии Чин аст.

Ҳамчунон бар асоси таҳлилҳо, густариши ноамниҳо дар бархе манотиқи Покистон ва масири даҳлез, илова бар омилҳои гуногуни дохилии он, бо рақобатҳои калон наметавонад беиртибот бошад.

Ба ҳар ҳол, аз таҳаввулоти солҳои ахир дар ҷануби Осиё чунин собит мегардад, ки аҳаммияти Ҳиндустон барои манофеи Амрико ва Ғарб дар ҳоли афзоиш аст ва ин мавзуъ барои манофеу мавқеъияти Чину Покистон дар минтақа ҳазинаҳо ва пайомадҳое дар қибол хоҳад дошт.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik