ТОҶИКИСТОН БАРТАРӢ ДОШТ

navid
Дакикахо. хондан: 2

Даври дуюми мусобиқаи марҳилаи интихобии ҷоми ҷаҳон дар гуруҳи J миёни Тоҷикистону Покистон бо ҳисоби бузурги 6:1 ба нафъи Тоҷикистон анҷом ёфт. 

Бозӣ дирӯз дар майдони “Ҷидда”-и шаҳри Исломобод баргузор шуд. Шогирдони Петр Сергт дар дақиқаи 9 уми рақобат ҳисобро кушоданд. Муаллифи голи аввал Амадони Камолов буд. Пас аз 4 дақиқа Рустам Соиров ҳисоби бозиро 2-0 расонд. Дар дақиқаи 21-ум мизбонон ба дарвозаи меҳмонон як голи ҷавобӣ ворид карда, ҳисобро ба 2:1 бароварданд. Дар қисмати аввали бозӣ, дар дақиқаҳои 26-ум ва 45-ум Парвиз Умарбоев ва Эҳсони Панҷшанбе ба дарвозаи мизбонон ду гол ворид карда, ҳисобро ба 4:1 расонданд. 

Дар қисмати дуюми мусобиқа меҳмонон ба дарвозаи мизбонон боз ду голи дигар зада, ҳисобро ба 6:1 баробар карданд. Муаллифи голҳои ахир Амадонӣ Камолов ва Шаҳром Самиев буданд. Бозӣ бо ҳамин натиҷа ба поён расид.

Тими Тоҷикистон дар ду давр 4 имтиёз ба даст оварда, ҳамакнун садрнишини гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Бозии дигар миёни титмҳои Арабистони Саудӣ ва Урдун то ҳол баргузор нашудааст. 

Ғалаба бо ҳисоби бузург дар ин мусобиқа барои тими мунтахаби Тоҷикистон замина барои ворид шудан ба даври сеюми марҳилаи интихобии ҷоми ҷаҳон дар гуруҳи J-ро муҳаё месозад.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik