ШАГАРФ

navid
Дакикахо. хондан: 6

шабакаи мутахассисони форсизабонон – пуле барои илму амал дар гардишгарӣ

Тибқи иттилои бахши равобити умумии ШАГАРФ (шабакаи мутахасассини гардишгарии форсизабонон) шабакаи мазкур дар ҳошияи конфронси серӯза 9-уми сентябри соли 2022 бо мақсади васеъ ва пойдор намудани гардишгарӣ таъсис ёфтааст. Ин конфронс бо иштироки фаъолон, мутахассисон, устодони донишгоҳу пажӯҳишгарони ҳавзаи гардишгарӣ дар Истанбули Туркия баргузор шуд. Дар ҳошияи конфронс фаъолон ва мутахассисони гардишгарии форсизабон аз Эрон ва дигар кишварҳо раванди таъсису фаъолияти ШАГАРФ-ро, ки як сол пеш аз конфронс оғоз шуда буд, баррасӣ ва тасдиқ карданд.


Ҷаъфар Ҷаъфарӣ, профессор, устоди барҷастаи гардишгарии ҷаҳон ва раиси ҳайати муассисони ШАГАРФ зимни баргузории ин конфронс гуфт: “Муддатҳо буд, ки фаъолони гардишгарӣ эҷоди фазоеро барои табодули андеша ва иртибот миёни форсизабонони саросари ҷаҳон тақозо мекарданд. Онҳо дар арсаи илму амали гардишгарӣ фаъолият мекунанд ва ин пайванд бояд ба таври ҳирфаӣ амалӣ шавад.  Дар ҳамин росто як пули забонӣ барои илм ва амал бисозем, то ин гурӯҳҳо бидуни мушкилӣ бо ҳам иртиботи тахассусӣ дошта, табодули назар ва таҷриба кунанд.”

ШАГАРФ муассисаи ғайритиҷоратӣ, ғайридавлатӣ ва ғайрисиёсӣ буда, дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, амалӣ ва таҳқиқотӣ фаъолият мекунад ва аз рӯзи бақайдгирӣ субъекти ҳуқуқӣ дониста мешавад. 


Ҷаъфар Ҷаъфарӣ, устоди донишгоҳи  WISCONSIN_STOUT ИМА буда, табаъаи эронӣ дорад. Ӯ муаллифи энсиклопедияи сайёҳии ҷаҳонӣ аст. Соли 2005 созмони ҷаҳонии гардишгарӣ (UNWTO) ба  ӯ ҷоизаи ULYSSES-ро тақдим кард. Устод Ҷаъфарӣ мегӯяд: “Танҳо эрониён форсӣ суҳбат намекунанд. Миллатҳои дигар, монанди Тоҷикистон, Афғонистон ва мардумони кишварҳои дигари ҳамсояи Эрон ва ҳамчунин нафарони бисёре, ки дар саросари ҷаҳон пароканда шудаанд, бо забони форсӣ суҳбат мекунанд ва дорои тахассуси гардишгарӣ ҳастанд. Таъсиси ин шабака боиси афзоиши табодули иттилоотӣ ва таҷриба миёни мутахассисон бо забони форсӣ мешавад. Фурсати ғанимат аст, то барои васеъ ва пойдор намудани гардишгарӣ дар кишварҳои форсизабон ва ҷустуҷӯи сатҳи маҳорат ва дониши фаъолони ин арса дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон кӯмак кунем ва ба таъомули ҳарчи бештари шарикӣ равона кунем.”  Ҳадафи дигари шабака анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо пажӯҳишгарон ва коршиносони бахши гардишгарӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ мебошад. 

Барои суръат бахшидан ба фаъолияти ШАГАРФ дар соҳаҳои гуногун Шурои муассисон аввалин Шурои директоронро бо масъулони зерин муаррифӣ кард:

Профессор Ҷаъфар Ҷаъфарӣ (раиси Шурои директорон), 

Доктор Ҳасан Тагизода Ансорӣ (муовини якуми раиси Шурои директорон),

Доктор Сиёмак Сайфӣ (ҷонишини дуюми раиси Шурои директорон),

Доктор Мустафо Расули Манеш (аъзои Шӯрои директорон ва котиб),

Доктор Козим Вафодорӣ (аъзои Шурои директорон ва Хазинадор),

Доктор Рэй Мендерестгар (аъзои Шурои директорон ва маърӯзачӣ),

Инженер Саид Эмоми Муқаддам (аъзои Шурои директорон)

Бо қарори мудирияти иҷроияи ШАГАРФ – Ширин Амонзода, Мутахассиси сиёсати давлатии банақшагирии гардишгарӣ ва паёмадҳои он ба иқтисоди миллӣ, бавижа сармоягузорӣ ва корофаринӣ ба ҳайати кумитаи иҷроияи шабака интихоб шуд. 

Профессор Ҷаъфарӣ ва ҳамраҳонаш барои ташкили ин шабака беш аз як сол дар ҳоли ҳамандешӣ ва ройзанӣ буданд. Чолишҳо ва чораҳои мухталифро бо алоқамандон матраҳ ва ба таври гурӯҳӣ баррасӣ карданд. Мухолифату мувофиқати зиёд вуҷуд дошт, аммо дар ниҳоят ҳамсадо ва ҳамназар шуданд. 


Зимни суҳбат аз мутахассисин даъват кард, то дар амалисозии нақшаҳояшон фаъолтар бошанд ва афзуд: “Чӣ эронӣ ва чӣ ғайриэронии форсизабон, ки дорои тахассуси гардишгарӣ аст, то замоне, ки алоқаманд ба фаъолият дар шабакаи ШАГАРФ бошад, метавонад бо ин анҷуман ҳамкорӣ дошта бошад. Зеро  ҳавзаи фаъолияти ин анҷумани мардуми форсизабон дар ҳар миллит ва дар ҳар нуқтаи ҷаҳон мавҷуд аст. Ба далели ин ки қароргоҳи созмони ҷаҳонии гардишгарӣ дар Испания аст, маркази асосии анҷуман низ Испания интихоб шуд. Оинномаи шабака тадвин ва ба тасвиб расида, мутобиқ бар қонунгузории Испания сабти ном шудааст.”

Шабака доираи мутахассисини сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи гардишгарӣ буда, ба масъалаҳои расона ва раводид вобаста аст. ШАГАРФ бо ҳузури устодону мутахассисони дахлдор вохӯриву рӯйдод ва вебинарҳои гуногун, аз ҷумла «Наҳваи интихоби мавзӯи пажӯҳиш дар ҳавзаи гардишгарӣ», услуби навиштан ва чопи мақола дар маҷаллаҳои муътабари байналмилалӣ дар мавзӯи гардишгарӣ,  меҳмоннавозӣ ва ҷойгоҳи он дар арсаи миллӣ ва байналмилалии гардишгарӣ баргузор мекунад.

 
Қарор аст дар оянда низ дар доираи ШАГАРФ вебинарҳо ва нишастҳои моҳонаи ҳирфаӣ ва тахассусӣ баргузор шаванд. Конгрес ва нишасти солонаи шабакаи мутахассисини сайёҳии форсизабон дар оянда низ баргузор хоҳад шуд.
Алоқамандон метавонанд барои касби иттилооти бештар ба сомонаи shegarf.org муроҷиат намоянд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik