УММОН БО ТАЙЛАНД ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ БО ҚИРҒИЗИСТОН РАҚОБАТ МЕКУНАД

navid
Имшаб ду бозии дигар дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё - 2023 баргузор хоҳад шуд. Дар гурӯҳи “F” Уммон бо Тайланд ва Арабистони Саудӣ бо Қирғизистон вориди рақобат хоҳанд шуд. Дар гурӯҳи “F” Тайланд, ки дар бозии аввал Қирғизистонро бо ҳисоби 2-0 шикаст дода буд, садрнишин аст. Арабистони Саудӣ бошад бо се имтиёз дар зинаи дуюм (таносуби голҳо) ва Уммон бо Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаҳои сеюму чорум қарор доранд. Баробари ба анҷом расидани бозиҳои дуюм дар гурӯҳи “F”, даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё - 2023 низ хотима хоҳад ёфт. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Ҷоми Осиё бори нахуст 24 тими мунтахаб иштирок мекунад, ки аз ин миён 16 тим метавонанд ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳхат гиранд.
Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik