Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

navid
Дакикахо. хондан: 4

22-юми январ дар шаҳри Доҳа – пойтахти Давлати Қатар дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар баргузор шуд.

Сараввал, муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ дар долони Қаср даъват намуд.

Баррасии масоили ҳамкории ду давлат дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ оғоз гардида, зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт. Президенти Тоҷикистон мулоқоти имрӯзаро ҳамчун идомаи муколамаи сиёсии сатҳи олии ҷонибҳо ва рӯйдоди муҳим дар муносибати ду давлат арзёбӣ карданд.

Дар мулоқот ба масъалаи сармоягузорӣ эътибори хоса дода шуд. Таъсиси гурӯҳи кории алоҳидаи муштарак барои омӯзиш ва мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду давлат ва Бунёди сармоягузориҳои муштараки Қатар ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.

Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои логистикии байни ду давлат барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин транзит ба кишварҳои дигар лоиҳаҳои нақлиётӣ-транзитии муштарак амалӣ шавад.

Дар фарҷоми гуфтушунид Пешвои миллат иброз намуданд, ки муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро ҷониби Тоҷикистон омили калидии рушди минбаъдаи робитаҳо медонад ва ҳавасманди пешбурди пайвастаи он ба манзури таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлати ба ҳам дӯст мебошад.

Пас аз он дар ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои 9 санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шудааст:

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқдулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

– Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни  Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

– Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Президенти кишварба Давлати Қатар 21-уми январ оғоз гардид. 21-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA», ки маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок кард. Гўшаи асосии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» дар майдони наздик ба 800 метри мураббаъ ташкил гардида, аз намоиши намунаи меваю хушкмеваҳо, сабзавоти тару тоза, асалу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои Тоҷикистон иборат буд.

Ҳамчунин сарвари давлат рӯзи 21-уми январ бо як қатор мақомдорони Давлати Қатар мулоқот анҷом дод.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik