НАХУСТИН РОҲХАТ БА ДАВРИ ПЛЕЙ-ОФФ

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 22.01.24. Саид Назаров. Навид.

Шоми имрӯз тими мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дар Ҷоми Осиё бо тими Лубнон дар рақобат шуд. Бозии ҷолибу диданӣ ва талошҳои ҳарду даста барои роҳ ёфтан ба даври навбатӣ буд.

Голи дастаи Тоҷикистон дар қисми якуми рақобат ба инобат гирифта нашуда. Дар дақиқаи 48-уми рақобат Лубнон бо голи задаи Жради ба сафи пеш баромад. Баъди ин баҳонабозиву вақткӯшиҳои бозигарони Лубнон авҷ гирифт. Аммо бозигарони тоҷик ташаббусро ба даст гирифтанд. Голи задаи Алишер Ҷалилов “офсайд” буд. Тими Тоҷикистонро зарур буд, ки баъди ба инобат нагирифтани ду голи задаашон, шакли дигари гол заданро пеш гиранд. Дар дақиқаи 81-уми рақобат Парвизҷон Умарбоев бо зарбаи ҷаримавӣ тӯбро ба дарвозаи Лубнон ворид карду ҳисобро тағйир дод. Ӯ бо ин гол номи худро дар таърихи футболи меҳан сабт кард. Зеро нахустин голи дастаи Тоҷикистонро дар бозиҳои Осиё ба самар расонд. Аммо барои баромадан аз гурӯҳ барои бачаҳои тоҷик танҳо ғалаба лозим буду бас. Довар 16 дақиқа зам кард ва дар дақиқаи 92 юми рақобат Ҳамроқулов бо сар голи зебоеро ба дарвозаи ҳариф даровард ва заминаи дарёти роҳхати даври Плей-оффро ба тими Тоҷикистон фароҳам овард.

Ҳамин тавр, тими мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар рақобати Ҷоми Осиё тавонист ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёбад.

Ин мақоларо мубодила кунед
1 Шарҳ
tjTajik