ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДОҲА БО БОЗИГАРОНИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ КАРД

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. 22.01.24. Саид Назаров. Навид.

Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷараёни сафари давлатӣ ба кишвари Қатар, имрӯз, 22-юми январ бо дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон вохӯрӣ кард.

Президент аз рушди футбол дар Тоҷикистон, пуштибонии давлат, оммавӣ шудани футбол ва фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бозиҳои тими миллиро аз давраи нахустин иштирокашон дар Ҷоми Осиё пайгирӣ карда, ба онҳо дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё бо мунтахаби Лубнон, ки имрӯз, 22 январ дар Доҳа баргузор мешавад, комёбӣ орзу мекунад.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik