ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕШОРӮЙИ МУСОБИҚИ ҲАЛКУНАНДА

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 22.01.24. Саид Назаров. Навид.

Имшаб тими Тоҷикистон барои ғалаба ба майдон хоҳад баромад.

Дар даври сеюми Ҷоми Осиё-2023, шоми имрӯз дар гурӯҳи “А” ду бозӣ баргузор хоҳад шуд. Мизбони мусобиқа ва қаҳрамони феълии Осиё тими Қатар бо мунтахаби Чин вориди рақобат хоҳад шуд. Шояд барои Қатар, ки роҳхати плей-оффро ба даст овардааст, натиҷаи бозӣ хеле муҳим набошад, аммо чиниҳо, ки соҳиби ду имтиёзанду дар зинаи дуюм қарор доранд,  талош хоҳанд кард, то роҳхати даври ҳазфиро ба даст оранд.

Дар бозии дигар Тоҷикистон бо Лубнон вориди мубориза хоҳанд шуд. Ҳар се даста имкони баромадан аз гурӯҳро доранд, бинобар ин онҳо тамоми талоши худро барои роҳхати даври навбатӣ анҷом хоҳанд кард. Гуфтанист, ки Тоҷикистон ва Лубнон ҳарду бо як имтиёзӣ дар зинаҳои 3-юм ва 4-уми ҷадвал қарор дорад.

Петр Сегрт – мураббии тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабарнигорон бозӣ бо Лубнонро “финал” номид: “Бозӣ бо Лубнон осон нахоҳад буд. Яъне, моро як бозии сахту душвор дар пеш аст”.

Нимҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон – Парвизҷон Умарбоев, дар нишасти хабарӣ изҳор кард: “Мо дар руҳияи хуби варзишӣ қарор дорем, бозиӣ бо Лубнон барои ҳарду тим ҳалкунанда хоҳад буд. Мо талош хоҳем кард, ки ба даври навбатӣ роҳ ёбем”.

Вазъи руҳӣ ва омодагии бозигарони тоҷик хуб аст ва имкони баромадан аз гурӯҳ дар дасти худи онҳост. Зеро аз 24 дастаи марҳилаи гурӯҳӣ 16-то имкони роҳ ёфтан ба даври “плей-офф”-ро доранд. 

Бозии даври сеюм дар гурӯҳи “А” шоми имрӯз соати 20-00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Ҷоссим бин Ҳамади шаҳри Доҳа баргузор хоҳад шуд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik