БЕКОР ШУДАНИ РАВОДИД БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҚАТАР

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. 23.01.24. Шоира Мадалиева. Навид.

Шаҳрвандони кишвари Қатар аз ин ба баъд метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба Тоҷикистон сафар кунанд. Дар ин бора 22-юми январ Президенти кишвар зимни мулоқот бо тоҷирон, сармоягузорон ва ширкатҳои Қатар изҳор кард. Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, аз имконияти сайёҳии кишвар ёдовар шуда, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, табиати зебо, олами рангини набототу ҳайвоноти Тоҷикистонро омили муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор арзёбӣ кард. 

Бояд гуфт, ки ин тасмим яктарафа гирифта шудааст. Ҳукумати кишвари Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хурду миёна ва сармоягузорони хориҷӣ соҳаи сайёҳиро густариш ва таҳким бахшад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 21-уми январ ба давлати Қатар сафари расмӣ анҷом дод ва як қатор созишномаҳоро ба имзо расонд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik