Имкони бозӣ намудани Роналдо муқобили Интер Майами зери суол аст

navid
Дакикахо. хондан: 1

Роналдо имкони аз даст додани бозӣ бар зидди Мессиро дорад. Капитани “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду метавонад дар сафари дастааш дар Чин ширкат накунад. Ба иттилои манбаъ, португалӣ ҷароҳати табобатнашуда дорад, хабар медиҳад Vesti.kz. Рӯзи 24-уми январ бошгоҳи Ан-Наср бо “Шанхай Шенхуа”, 28-уми январ бо “Ханчжоу Гринтаун” ва 1-уми феврал бо тими амрикоии “Интер Майами”, ки рақиби Роналду ҳамлагари аргентинӣ – Месси дар ҳайати он бозӣ мекунад, бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ба иттилои Arabic Sports, Роналдуи 38-сола аз осеби мушакҳои пой нигарон аст. Барои барқароршавӣ ба ҳамлагар камаш ду ҳафта лозим аст. Дар ин бора сомонаи Sports.ru менависад. Интизор меравад, ки Мессии 36-сола дар ин бозӣ, ки онро миллионҳо мухлисони футбол дар саросари ҷаҳон интизоранд, ширкат кунад. Аммо иштироки Роналду зери суол мемонад.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik