РАҚОБАТ ДАР  ҶОМИ ОСИЁ-2023 БЕШТАР ТЕЗУ ТУНД МЕШАВАД

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 23.01.24. Саид Назаров. Навид.

Ин шом дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 ҳамзамон чаҳор бозӣ баргузор мешавад. Пешсафони гурӯҳи В, ки яке роҳхати ”Плей-офф”-ро ба номи худ муҳр зада ва дигаре дар талоши баромадан ба даври навбатист, миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дастаҳои Австралия ва Узбекистон соати 16-30 ба вақти Душанбе барои ҷойи якуму дуюм бо ҳам мубориза хоҳанд кард. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои мунтахаби Сурия ва Ҳиндустон низ дар ҳамин вақт, яъне соати 16-30 баргузор хоҳад шуд. Баъди ду даври мусобиқа, мунтахаби Австралия бо 6 имтиёз садрнишин аст ва тими Узбакистон бо чаҳор имтиёз зинаи дуюмро касб кардааст. Сурия бо як мусовӣ ва як бохт дар зинаи сеюм қарор дорад, Ҳиндустон бидуни имтиёз дар поёни ҷадвал ҷой гирифтааст. Имкони баромадан ба даври навбатиро ҳар се даста дар ихтиёр доранд. Зеро чаҳор дастаи зинаи сеюм, ки натиҷаи беҳтарро нишон додаанд, роҳхати “плей-офф”-ро ба даст хоҳанд овард.

Вазъият дар гурӯҳи С мисли гурӯҳи В яксон аст. Эрон баъди ду даври мусобиқа бо шаш имтиёз садрнишини гурӯҳ ҳасту Амороти Муттаҳидаи Араб бо чаҳор имтиёз дар зинаи дуюм ва Фаластин бо як, Ҳонконг бидуни имтиёз дар ҷойи сеюму  чорум қарор доранд.

Шоми имрӯз соати 20-00 ба вақти Душанбе Эрон бо АМА ва Ҳонконг бо Фаластин бозӣ хоҳанд кард. Эрон роҳхати даври навбатиро ба даст овардааст. Се тими боқимонда барои зинаҳои болоӣ талош хоҳанд кард.

Дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар баргузор шуда истодааст, то ҳол 6 даста соҳиби роҳхати “плей-офф” шудааст, ки яке аз онҳо дастаи мунтахаби  Тоҷикистон мебошад.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik