МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ХОРИҶАИ РУСИЯ ВА ЭРОН

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 24.01.24. Исматулло Абдуллоев. Навид.

Сергей Лавров – вазири хориҷаи Русия ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён – вазири умури хориҷаи Эрон, дирӯз дар ҳошияи музокироти Созмони Милали Муттаҳид мулоқот анҷом доданд.

Онҳо зимни баррасии масъалаҳои Ховари Миёна ҷонибдории худро аз оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза ва расондани кумакҳои башардӯстона ба сокинони он изҳор карданд. Ҳамчунин аз вазъи пуршиддат дар Баҳри Сурх, ки бар асари иқдомоти низомии Амрико ва бархе муттаҳидонаш алайҳи Яман ба вуҷуд омадааст, изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин бора хабаргузории ВКХ Русия маълумот додааст.

Вазирон хориҷаи ду кишвар пойбандии худро ба усулҳои бунёдии равобити Русияву Эрон ва оинномаи СММ, аз ҷумла дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, эҳтироми мутақобил ба истиқлолият ва тамомияти арзии ҳамдигар таъкид карданд.

Дар ҷараёни мулоқот Сергей Лавров аз зарурати пешгирии авҷ гирифтани мухолифати миёни Фаластину Исроил ва ҷалб нашудани Лубнон ва дигар давлатҳо сухан гуфт.

Пештар Сергей Лавров дар ҷаласаи дархостии Шурои Амнияти СММ бахшида ба вазъи Украина иштирок карда буд. Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова ба хабаргузории ТАСС хабар дод, ки Лавров аз 22-юм то 24-уми январ барои иштироки мустақим дар баҳсҳои Шурои Амнияти СММ дар масъалаи Шарқи Наздик ва ҷаласаи бахшида Украина ба Ню-Йорк меравад.

Ин дар ҳолест ки ба иттилои хабаргузории Ирон-Интернешнл, субҳи имрӯз дар ҳамлаҳои мушакии Русия ба манотиқи мухталифи Украина дастикам 18 нафар кушта ва 130 нафар захмӣ шуданд.

Ба иттилои ин манбаъ, Владимир Зеленский – президенти Украина дар як паёми телевизиюнӣ аз ҳамлаи густардаи мушакии Русия ба Киев ва манотиқи марказию ҷанубии кишвар, кушта шудани 18 нафар ва захмӣ шудани 130 нафар, ҳамчунин осеби шадид расидан ба манзили зист ва зерсохтҳо хабар дод. Ӯ гуфтааст дар ин ҳамлаҳо беш аз 200 сохтмон, аз ҷумла 139 хонаи зист осеб дидааст.

Тибқи эъломи артиши Украина, Русия ба шаҳрҳои Украина 44 мушак партофтааст, ки аз 22-тои он дар фазои Киев раҳгирӣ шудааст.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik