ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ТОҶИКИСТОН

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. 29.01.24. Навид.

Имрӯз 28-уми январ дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор шуд.

Дар ҳар гӯшаи боғ чорабиниҳои фарҳангӣ, рақсу тарона, гулханафрӯзиву шодмонӣ мавҷ мезад, ки аз ҳусну таровати ин маросими куҳан хабар медод. Ба ин муносибат дар майдонҳои боғ намунаи фаровардаҳои кишоварзӣ, ҳосили заҳмати марди деҳқон, олоти кори кишоварзон, парвардаи гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу оройишӣ, ниҳоли дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ба манзари диди тамошобинон гузошта шуда буд.

Сада ҷашни дерин ва суннатии мардумони иронитабор, бавижа тоҷикон аст, ки аз гузаштаҳои дур ба мерос мондааст. Ба гуфтаи донишмандон, ин ҷашн барои он Сада ном гирифтааст, ки аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Истиқболи ин ҷашн ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, он дар миёни мардум ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз шинохта шудааст. Дар минтақаҳои тоҷикнишин ин русусмро ба навъҳои гуногун истиқбол мегирифтанд.

Моҳи октябри соли 2017 бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова ворид кард, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада баргузор мешавад.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik