САДА – ЧИЛЛАИ ПЕШИ НАВРӮЗ

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 30.01.24. Навид.

Ҷашни зебои Сада хуҷаста бод!

Мардумони ориёӣ ҷашни Садаро аз даврони қадим пешвоз мегирифтанд. Дар навиштаҳои таърихию фарҳангӣ чунин паёме мехонем: “Ҳушанг, пас аз оташро кашф кардан, машъале фурӯзон карда, ба назди мардум бурд. Ӯ ба онҳо, ки  дунболи хирсбачае сӯйии ғор мерафтанд, фарёд кашид: – Ғор хонаи хирс аст. Бигзоред, ки ба хонааш биравад. Ман ба шумо оташро овардаам.

Одамон то он рӯз намедонистанд, ки оташ чист. Ҳушанг буттаҳо ва чӯбҳои хушкро бар рӯйи машъал гузошт. Ӯ бо овози баланд ба мардум гуфт:

– Бо оташ сарморо маҳв мекунем.

Шуълаи оташ аланга зад. Мардону занон ва кӯдакони аз сармо ларзон ба оташ наздик шуданд. Ҳушанг аз хурсандӣ ба гирди гулхан давида, пойкӯбӣ мекард. Мардону занону кӯдакон аз паси ӯ давида пойкӯбӣ мекарданду мегуфтанд:

– Оташ! Оташ!

Ҳушанг мегуфт:

  • Нагузоред, ки оташ хомуш шавад! Сада! Сада!

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи дигар то омадани гармо мондааст.

Ҷашни Садаро нахустин бор шоҳ Ҳушанг эълон кард.

Ба фармудаи ҳаким Фирдавсӣ, шоҳон ба ҷашнвораҳои Садаву Наврӯз ва Меҳргон таваҷҷуҳ доштанд ва онҳоро истиқбол мекарданд. Барои маросим ҷашнгоҳ созмон медоданд. Ҷашнгоҳ бо бозору дӯконҳо ва растаҳои рангоранг ороста мешуд. Дар шаҳристонҳо оташкадаҳо бунёд мекарданд. Дар Сада оташи бузургеро аланга медоданд, ки замину замон нуристон мешуд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik