ЭРОН ВА СУРИЯ: МУСОБИҚАИ ОХИРИНИ ДАВРИ 1/8 НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 31.01.24. Саид Назаров. Навид.

Дастаҳои Эрон ва Сурия охирин иштирокчии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиёро муайян мекунанд. Бо бозии ин ду даста мусобиқаҳои даври 1/8 ниҳоӣ анҷом меёбанд ва дастаҳои ғолиб ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ ворид мешаванд. Бозии онҳо шоми имрӯз соати 21-00 ба вақти Душанбе дар майдони Абдулло бин Халифаи шаҳри Доҳа дар назар аст.

 Дастаи Эрон дар даври гурӯҳӣ хеле бомуваффақият баромад кард: се пирӯзӣ дар се бозӣ, ҷойи аввал бо 9 имтиёз. Нахуст яке аз фаворитҳои мусобиқа Фаластинро  бо ҳисоби бузурги 4-1 шикаст дод.  Дар даври дуюм Ҳонконгро бо ҳисоби минималии 1-0 мағлуб кард. Пас аз ин даста бо дубли Меҳдӣ Таремӣ бар  АМА (2:1) ғолиб омад.  Дар пеш вохӯрӣ бо Сурия аст ва дар ин бозӣ футболбозони эронӣ шонси хуби муваффақияти ниҳоӣ доранд.

Мунтахаби Сурия дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳамагӣ як гол зада, ба плей-офф роҳ ёфт. Даста аввал бо Узбакистон (0:0) холҳоро тақсим кард ва баъд аз Австралия (0:1) натавонист имтиёз бигирад. Дар даври ниҳоӣ футболбозони Сурия ба шарофати гол дар дақиқаи 76-ум бар Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.  Ба ин тартиб, Сурия бо чаҳор имтиёз ва фарқи тӯбҳои бетараф (1:1) дар ҷойи севум қарор гирифт.

 Эрон ва Сурия охирин ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоӣ ҳастанд, ки баъди онҳо марҳилаи 1/8 ниҳоӣ ба анҷом хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол, ҳаводорони футболи Тоҷикистон ба бозии дастаи Эрон таваҷҷуҳи зиёд нишон медиҳанд. Ончунон ки ба пирӯзии дастаи Тоҷикистон садҳо, балки ҳазорон порсизабон дар дунё изҳори хушҳолию хушнудӣ карданд. Онҳо пирӯзии тими Тоҷикистонро пирӯзии порсизабонон медонанд. Тоҷикистониён ба пирӯзии дастаи футболи Эрон бовар доранд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik