ДАСТАИФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕШОРӮЙИ БОЗИИ ЧОРЯКНИҲОӢ

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 02.02.24. Навид.

Даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар рӯзи 2-юми феврал бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Урдун оғоз меёбад.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон – Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ муқобили мунтахаби Урдун, ки 1-уми феврал баргузор шуд, гуфт, ”мо ба бозӣ муқобили Урдун омодаем. Медонем, ки рақибамон дастаи қавӣ аст, сармураббиаш ҳам мутахассиси хуб мебошад. Дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё аспи тира аст ва ин аспи тира мехоҳад, ки орзуи худ – роҳ ёфтан ба даври баъдиро идома диҳад”.

Шегрт афзуд, “Мо тамринҳои барқароршавӣ анҷом додем ва ба бозии навбатӣ бо ҳамон нерӯе, ки доштем, рақобат мекунем. Ман бо бозигарони худ фахр мекунам…”

Сармураббии тими миллии Урдун – Ҳусейн Аммута, дар нишасти хабарӣ гуфт, “Дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболи муосир нишон медиҳад. Бозӣ бо онҳо хеле душвор хоҳад буд, ҳар як даста дар плей-офф қавӣ аст. Мо ҳамеша рақибамонро эҳтиром мекунем”.

Бозии аввалини чорякфиналӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, соати 16:30 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Тавре сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе хабар додааст, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ, дар бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар Қатар иштирок хоҳад кард.

Дар сурати ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан, мунтахаби Тоҷикистон бо ғолиби бозии дуюми чорякфиналӣ миёни дастаҳои Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат хоҳад кард.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik