ТОҶИКОН АКСАРИЯТИ АҲОЛИИ АФҒОНИСТОНАНД

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. 01.02.24. Навид.

45,6 фоизи аҳолии Афғонистон тоҷиканд, яъне 15.504 млн нафари сокинони ин кишвар тоҷиканд. Ин омор бар асоси барномаи баҳисобгирии аҳолӣ аз тарафи кишварҳои қудратманд таҳия шудааст.

Сафорати Иолоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир натиҷаи баҳисобгирии аҳолиро, ки ду сол пеш дар Афғонистон гузаронда буданд, нашр кард. Ин оморро давлатҳои қавмгарои паштунии Ғанӣ ва Толибон то ба ҳол пинҳон нигоҳ медоштанд.

Ҳоло натиҷаи ин баҳисобгирӣ дастраси мардум шудааст:

Аз 34 млн аҳолии Афғонистон:

1. Тоҷикон – 45,6%.

2. Паштунҳо (Афғонҳо) – 26,4%.

3. Ҳазораҳо – 13,1%.

4. Узбакҳо – 7,2%.

5. Туркманҳо – 2,2%.

6. Дигар кавмҳо – 5%.

Барои ҳамаи мардуми Афғонистон маълум шуд, ки паштунҳо (афғонҳо) дар ин кишвар ақалиятро (қисми ками аҳолиро) ташкил медиҳанд. Онҳо дар давоми 100 солаҳо инро пинҳон нигоҳ медоштанд. Саранҷом хақиқат ғалаба кард.

Барои ҳамаи тоҷикон ва порсизабонони Хуросон (Афғонистон) тантанаи ҳақиқат ва зиндагии шоиста орзу мекунем.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik