ПИРӮЗИИ ТИМИ ФУТБОЛИ ЭРОН – ХУШНУДИИ МАРДУМИ ФОРСИЗАБОН

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. 03.02.24. Навид.

Имрӯз дастаи мунтахаби Эрон дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар бо ҳисоби 2:1 бар тими миллии Ҷопон пирӯз шуд ва ба нимфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

бозигари мунтахаби Ҷопон – Ҳидемаса Морита, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Муҳаммад Муҳибӣ дар дақиқаи 55-ум зад. Голи дуюм ва ҳалкунандаи мунтахаби Эронро Алиризо Ҷаҳонбахш дар охири дидор (90+6) аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба даврвозаи ҳариф ворид кард.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Эрон ба нимфинали Ҷоми Осиё-2023 баромад ва рӯзи 7-уми феврал дар даври ниманиҳоӣ бо тими миллии Қатар рақобат мекунад.

Бозии чаҳорум ва охирини даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Қатару Ӯзбекистон имшаб бо ҳисоби 3:2 бо пирӯзии тими Қатар анҷом ёфт.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik