ШИДДАТИ ТАНИШ МИЁНИ ЭРОН ВА АМРИКО

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 03.02.24. Навид.

Ба навиштаи хабаргузории РБК-и Русия, Конгресси ИМА аз Байден хост, “қудрати худро ба Эрон нишон бидиҳад”.

Раиси маҷлиси намояндагони ИМА стратегияи ором кардани Эронро нокомӣ номид. Ӯ ҳамлаҳои Амрико ба иншооти эронӣ дар Сурия ва Ироқро “дерҳангом” номид ва гуфт сиёсати Байден нисбати Теҳрон фоҷиабор буд. Тибқи иттилои CNN, ИМА аз тарси шиддати мухолифат ба қаламрави Эрон ҳамла нахоҳад кард.

Раиси палатаи намояндагони Има – Майк Ҷонсон, ҷумҳурихоҳ аз Луизиана “сиёсати ором кардан”-и президент Ҷо Байденро нисбати Эрон танқид ва онро ноком номид, – хабар медиҳад Fox News.

Ҷонсон ҳамлаҳои шабонаи ҳавоӣ ба иншооти Теҳрон ва гурӯҳҳои марбут ба он дар Ироқ ва Сурияро посухи “дер” ба ҳамла ба пойгоҳи амрикоӣ дар Урдун дар наздикии марз бо Сурия дар рӯзи 28-уми январ номид. Он вақт се сарбози амрикоӣ кушта ва зиёда аз 30 нафар захмӣ шуданд. Байден гуфт, ки дар паси ҳамла шибҳанизомиёни Эрон ҳастанд ва масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Муқовимати Исломӣ дар Ироқ” ба дӯш гирифт, ки онро Теҳрон дастгирӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Эрон гуфт, ба ҳамла алоқамандӣ надорад.

Ба гуфтаи Ҷонсон, ҳалокати низомиёни амрикоӣ аз ҷониби маъмурияти Байден “ҷавоби дақиқ ва қатъӣ ” талаб мекунад, аммо мақомот “як ҳафта интизор шуданд ва ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Эрон телеграф фиристоданд”, ки ин посух чӣ гуна хоҳад буд (Кохи Сафед пешакӣ аз нияти ҳамла ба иншооти эронӣ дар Сурия ва Ироқ хабар дод). Раиси палатаи намояндагон чунин мешуморад, ки ин гуна “сигналҳои аз ҳад зиёд “мавқеи ИМА-ро суст мекунанд. “Барои мусоидат ба сулҳ, Амрико бояд қувват нишон диҳад” гуфт ӯ.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik