СОЗМОНИ ФЕДЕРАЛХОҲОНИ АФҒОНИСТОН ЭҶОД ШУД

navid
Дакикахо. хондан: 3

Душанбе. 10.02.24. Навид.

Созмони нави сиёсӣ – “Маҷмаи федералхоҳони Афғонистон”, мавҷудияти худро эълом кард. Ин созмон аз тамоми шахсиятҳо, ҷараёнҳо ва шаҳрвандони кишвар хост, ки барои ҳалли бунёдии мушкили сиёсии Афғонистон ба низоми федералӣ фикр кунанд.

Ҳанӯз аз дер гоҳ бархе гурӯҳҳои чапгарои Афғонистон роҳи ҳалли ихтилофоти қавмии ин кишварро дар эҷоди низоми федералӣ медонистанд. Латифи Пидром – раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ду даҳсола аз пуштибонони сарсахти ҳалли мушкилоти ин кишвар сухан мегӯяд ва роҳи ҳалро дар эҷоди низоми федералӣ пешниҳод мекунад. Ҳоло норизоият аз идораи якқавмии Толибон ин равандро тақвият бахшидааст. Аъзои ин Маҷмаъ бештар роҳбарони гурӯҳҳои ғайрипаштун ҳастанд, ки ба бовари онҳо, низоми яккамарказ бо ҷомеаи бисёрқавмии Афғонистон созгор нест.

Дар ҷараёни чанд даҳсола вазъи даҳшатбори Афғонистон бар асари низоми қавмгаро ба буҳрони бештар гирифтор мешавад ва ин мушкил мардуми кишварро ба ҳоли ногувор рӯбарӯ кардааст. Ин вазъи мушкилзо ҳамчунин кишварҳои митақа ва чанде аз мардуми ҷаҳонро нигарон сохтааст.

Низоми қавмгарои Толибон бештарин пешрафтҳои мардуми ин кишварро, ки дар солҳои пешин зиндагии беҳтарро муҳаё мекарданд, аз байн бурд ва мухолифати мардуми кишвар ва ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонро ба бор овардааст.

Саранҷом раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи низоми пешини ин кишвар пас аз ду соли ҳукумати Толибон бар сари ҳалли мушкилоти кишварашон барои пайдо кардани роҳи ҳал даври ҳам омаданд. Шуморе аз ҳизбҳои сиёсӣ ва раҳбарони қавмӣ аз ин созмони сиёсӣ пуштибонӣ кардаанд. Ин ташаккули нави сиёсӣ оғози кори худро аз ҳамойиши ҳамаи онҳое, ки ҷонибдори низоми федералӣ ҳастанд, барои тағйири низом дар Афонистон медонанд. Яке аз пештозони ин мубориза Латифи Пидром гуфтааст: “Эҷоди федерализм танҳо роҳи ҳалли қазияи Афонистон аст.”

Ато Муҳаммади Нур – аз ҷумлаи роҳбарони дигари Иттиҳоди Шимол гуфтааст, ки “Муборизаи Ҷамъияти исломии Афғонистон барои эҷоди низоми ғайримутамаркиз аст”.

Муҳаммади Муҳаққиқ – раҳбари Ҳизби ваҳдати исломӣ ва аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати мардуми Афғонистон гуфтааст, ки “Ин орзуи деринаи мардум бо барчаспҳои таҷзияталабӣ хафа шуда, аммо низоми федерализм аз ҳар низоми дигар ба ҳаққи мардум наздиктар аст”.

Маршал Дустум – роҳбари Ҷунбиши милии исломии Афғонистон низ гуфтааст: “Мушкили Афғонистон бо эҷоди федеролизм барои доимӣ ҳал хоҳад шуд”.

Раҳбарон ва шахсиятҳои бонуфузи дигари кишвар чун Салоҳиддин Раббонӣ, Карим Халилӣ, Сарвар Дониш, генерал Малик ва чанде дигар низ бо пахши изҳорот пуштибонии худро аз ин Маҷмаи сиёсӣ изҳор кардаанд.

Федерализм дар Афғонистон тарафдорон ва мухолифони зиёд дорад. Мухолифон федерализмро мавриди таҷзияи Афғонистон медонанд. Дар пайи эъломи эҷоди ин низоми сиёсӣ вокунишҳо ба он густурда аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъ дар сари забонҳост. Ин дар ҳолест ки ҳудуди 40% аҳолии ҷаҳон ва кишварҳои гуногуннажодию қавмӣ, мазҳабӣ ва забонӣ бо низоми федералӣ идора мешаванд. Ва бархе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, чун ИМА, Олмон, Ҳинд, Покистон, Канада ва чанде дигар низоми федералӣ доранд.    

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik