НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ ИНТИХОБОТИ ПОКИСТОН ЭЪЛОН ШУД

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. 12.02.24. Навид.

Комиссияи интихоботи Покистон рӯзи якшанбе натиҷаҳои ниҳоии интихоботи ин кишварро, ки рӯзи панҷшанбе баргузор шуд, эълон кард, иттилоъ медиҳанд хабаргузориҳои минтақа.

Даъвогарони курсиҳои парлумонӣ барои интихоби 101 курсии  Маҷлиси миллӣ (палатаи поёнии парлумон) рақобат карданд, кеи натиҷааш чунин аст: «Лигаи мусулмонони Покистон (фраксияи Навоз)»-и собиқ сарвазир Навоз Шариф – 75 ҷой, вакилони Ҳизби халқии Покистон бо роҳбарии собиқ вазири корҳои хориҷӣ Билавал Бҳутто Зардарӣ – 54 ҷойро соҳиб шуданд.

Ҳизби «Ҳаракати Муттаҳидаи Қавмии Покистон» дар Маҷлиси миллӣ – 17 ҷой ва ҳизби «Ҷамоати Уламои Ислом» – 4 ҷойро ишғол карданд.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik