ҶОПОН ПАЖӮҲИШГОҲИ АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪСИС МЕДИҲАД

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. 12.02.24. Навид.

Рӯзи 14-уми феврал ҳукумати Ҷопон пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши амнияти зеҳни сунъии генеративӣ боз мекунад, иттилоъ медиҳад агентии «Kazinform» бо истинод ба NHK World-Japan.

Пажӯҳишгоҳи амнияти Ҷопон дар назди Вазорати иқтисод, савдо ва саноати ин кишвар таъсис меёбад.

Хадаф аз эҷоди ин пажӯҳишгоҳ аз байн бурдани хатарҳои марбут ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва риоя нашудани ҳуқуқҳои муаллиф ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад.

Гуфтанист, ки бозкушоии чунин як маркази муҳимми таҳлилию таҳқиқотӣ ва пешгирӣ аз амалҳои густурдаи ноамни имрӯз нахустин ва муҳимтарин иқдом дар ҷаҳон мебошад.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik