МАҲФИЛИ ШОҲНОМАХОНӢ ОҒОЗ ШУД

navid
Дакикахо. хондан: 1

Душанбе. Навид. 14.02.2024

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили Шоҳномахонӣ баргузор шуд. Ин иқдоми нек барои бори нахуст дар пайи ташаббуси арзишманди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас кардани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ рӯйи кор омад.

Дар маҳфил роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок карданд ва умед аст, ки дар ооянда намояндагони қишрҳои дигари ҷомеаи кишвар ба маҳфил даъват карда шаванд.

Дар ифтитоҳи маҳфил роҳбарон ва масъулони Осорхонаи миллӣ дар бораи мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» ва ҷойгоҳи он дар адабиёти ҷаҳон сухан гуфтанд.

Дар идома ходимони Осорхонаи миллӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ достонҳо ва пораҳо қироат карданд.

Саранҷом қарор дода шуд, ки дар охири ҳар моҳ дар Осорхонаи миллӣ маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда шавад.

Ин мақоларо мубодила кунед
Назари худро гузоред
tjTajik