ЭРДУҒОН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 18.01.24. Шоира Мадалӣ. Навид.

Интизор меравад, ки президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон соли 2024 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора рӯзи 15-уми январ сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар зимни нишасти матбуотӣ, ки перомуни сафари расмии вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳакан Фидан баргузор шуд, хабар дод. 

Сафири Туркия сараввал дар бораи мулоқоти Ҳакан Фидан бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси намояндагон Зокирзода таваққуф карда, гуфт, ки дар музокираҳо масъалаҳои тиҷорат, аз ҷумла сармоягузорӣ ва лоиҳаҳо баррасӣ шуд. Интизор меравад, ки ҷаласаи комиссияи муштараки иқтисодии Туркия ва Тоҷикистон моҳи феврал ва марти соли ҷорӣ дар шаҳри Анқара баргузор шавад ва дар нишасти комиссияи мазкур тамоми ҷузъиёти масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Туркия дар Тоҷикистон бонки туркӣ хоҳад кушод

Вазири корҳои хориҷаи Туркия изҳор доштааст, ки баъди ба Туркия баргаштан масъалаи маблағгузорӣ ва кушодани бонки туркиро дар Тоҷикистон ба мақомоти марбутаи Туркия хоҳад расонд. “Аммо дар ин бора ҳоло ягон қарори қатъӣ қабул нашудааст. Кушодани бонк хоҳиши тоҷирони Туркия аст. Агар дар Тоҷикистон бонки туркӣ кушода шавад, метавонад боиси равнақи муносибатҳои тиҷоратӣ шавад” – илова кард Умут Аҷар.  Ҳамчунин дар нақша аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Туркия дар самти иқтисод ба 1 000 000 000 (як миллиард) доллар расонда шавад.

Сафири Туркия дар мавриди тақвияти фаъолияти ТИКА (Агентии Туркия барои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия) гуфт, ки ин ташкилот дар тӯли фаъолияти чандинсолааш дар Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаро ба маблағи беш аз 30 миллион доллар амалӣ карда, дар рушди иҷтимоии Тоҷикистон саҳм гузоштааст.

Парвозҳои мустақим аз Туркия ба Хуҷанд

Умут Аҷар қайд кард, ки дар наздиктарин фурсат парвозҳои Сомон-Эйр аз Туркия ба Хуҷанд мустақиман ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин дар сурати афзойиши талаботи мардум, бозкушоии хаттисайр ба шаҳрҳои Туркия, чун Қуния ва Анталия ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар назар аст, ки комиссияи муштарак дар соҳаи туризм ташкил карда шавад.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian