СУҚУТИ ҲАВОПАЙМО ДАР ВОДИИ ВАХОН

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 22.01.24. Навид.

Дирӯз як ҳавопаймо дар даҳлези Вахон ба садама гирифтор шуд.

Парвози ҳавопаймои Dassault Falcon 10B бо 2 халабон ва 2 табибу як ҷуфт ҳамсар  Анатолий ва Анна Евсюковҳо дар пайи парвоз барои анҷоми корҳои тиббӣ аз Таиланд ба Маскав бо анҷом ёфт.  Анна Евсюкова бемори шадид дошт, ки ба иллати танафус ё нафаскашӣ марбут аст.

Ҳавопаймо пас аз танафус дар Ҳиндустон рӯзи 21-уми январ бояд барои пур кардани сӯзишворӣ дар Узбакистон фурӯд меомад, аммо дар роҳ муҳаррикҳо дучори мушкили техникӣ шуданд ва тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон фурӯд биёянд. Аммо фурсат камӣ кард ва тақрибан соати 19:30 ба вақти Душанбе ҳавопаймо дар минтақаи Куфоби водии Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон суқут кард.

Яке аз наҷотёфтагон тавонист ба деҳаи наздиктарин биравад ва ҷойи суқутро хабар бидиҳад.  Тақрибан баъд аз як рӯз гурӯҳи ҷустуҷӯйии Толибон ба маҳалли ҳодиса омад.  Ба навиштаи нашрияҳои маҳаллӣ, аз 6 нафаре, ки дар ҳавопаймо буданд, танҳо 4 нафар – Анатолий Евсюков ва 3 узви экипаж зинда монданд.

Радиои “Ҳуррият” аз маҳалли суқут навори мусофирони зиндамондаро нашр кардааст. Чаҳор мусофир – шаҳрвандони Русияро, ба Кобул интиқол доданд. Вазъи саломаташон хуб арзёбӣ шудааст ва Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти Толибон* ба онҳо кумаки аввалия расондааст.

Кумитаи тафтишоти давлати Русия дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар модаи 263-и Қонуни ҷиноии ин кишвар ҳодисаи рухдода (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги 2 ва зиёда одамон шудааст) номида мешавад.

 *Ин созмон дар Тоҷикистон дар руйхати террористӣ қарор дорад.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian