ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР ЧИН

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 23.01.24. Навид.

Шаби гузашта – 23-юми январ, дар Чин шаш заминларзаи шадид рух дод, ки дар асари он сокинон осеб дида ва ва харобӣ ба амал омадааст.

Ин ҳодиса бо қувваи аз панҷ то ҳашт балл дар марзи Чин бо Қазоқистон ва Қирғизистон ба амал омад.

Ба гузориши Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Қирғизистон, ларзиши аввал аз ҳама пурқувват буд, ки 22-юми январ соати 0:09 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур рух дод. Шиддат дар маркази он 7,1 дараҷа, ларзиши дуюм соати 00.42 дақиқа бо шиддати 6 бал, ларзиши сеюм дар соати 1.36 дақиқа бо шиддати 6 бал, ларзиши чорум соати 2.57 дақиқа бо шиддати 5 бал, ларзиши панҷум соати 5.19 дақиқа бо шиддати 6 бал, ларзиши шашум соати 7.18 дақиқа бо шиддати 5,5 сабт шудааст.

Хабаргузориҳои минтақа дар бораи 6 тан захмӣ ва пурра хароб шудани беш аз 50 хона хабар медиҳанд.

Рӯзи 19-уми декабри соли 2023 дар Чин заминларзаи шадиди 6,2 дараҷаӣ рух дод, ки маркази он дар дар шимолу ғарби кишвар ҷойгир шудааст. Бар асари он садҳо нафар бемору захмӣ шуданд.

Заминларза дар Қазоқистон, Қирғизистон ва баъзе ноҳияҳои Узбекистон эҳсос шуд. Дар Бишкек мардум аз сабаби заминларзаҳои шадид хонаҳои худро тарк карда, ба кӯчаҳо баромаданд. Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки 44 нафар бо шаклҳои гуногуни ҷароҳатҳои сабук ва миёна ба Алмаато муроҷиат кардаанд.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian