ЗАМИНЛАРЗАҲОИ ДИГАР ДАР МИНТАҚА

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 24.01.24. Навид.

Субҳи 24-уми январ дар минтақа 4 заминларза рух додааст. Хабаргузории Қазоқистон – Tengrinews.kz., бар асоси маълумоти шабакаи истгоҳҳои зизилашиносии ин кишвар мушаххасоти ларзишҳоро ба вақти Остона чунин шарҳ додааст.

Заминларзаи аввад соати 08:39 дақиқа дар 212 километр ҷанубу ғарби Алмаато, дар қаламрави Қирғизистон сабт шудааст. Қудрати он 4,4 бал ва саргаҳаш дар чуқурии 10 километр буд. Илова бар ин, соати 08:54 дақиқа боз як заминларзаи ба қудрати 5.1 бал ба амал омад, ки маркази он дар 268 километр ҷанубу шарқи Алмаато дар қаламрави Чин, дар чуқурии 5 километр ҷойгир аст. Пештар дар бораи як заминларзаи дигар дар соати 07:35 дақиқа хабар дода буданд. Қирғизистон заминларзаи соати 07:35 дақиқаро эҳсос накард. Аммо сокинони Алмаато шабона таконҳои бо қувваи 2 балро эҳсос карданд.

Такони навбатӣ дар марзи Қирғизистон ва Чин рух дод. Ин такон соати 09:56 дақиқа ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминларза дар 269 километр ҷанубу шарқи Алмаато дар қаламрави Чин ҷойгир аст ва қудрати онро 4,7 бал ба қайд гирифтаанд.

Хабаргузориҳои Қазоқистон аз захмӣ ва осеб дидани сокинон, бахусус бистарӣ шудани 44 нафар дар Алмаато хабар доданд.

Дар қаламрави Тоҷикистон дар бораи ҳассосияти таконҳо маълумот вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, зизилашиносҳо карданд, ки дар оянда ларзишҳои шадидро интизор нестанд, ҳоло таконҳо ба хомӯшшавӣ мераванд ҳеҷ гуна таҳдид вуҷуд надорад.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian