ПРЕЗИДЕНТИ УЗБЕКИСТОН БА ЧИН САФАР КАРД

navid
دقایق. خواندن

Душанбе. 24.01.24. Навид.

Сафари давлатии Шавкат Мирзиёев – президенти Узбекистон ба Чин аз мулоқот бо Ли Цян – сарвазири Шурои давлатии Чин дар Маҷлиси мардумӣ оғоз шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷорату иқтисодро баррасӣ карданд.

Соли гузашта гардиши молу коло миёни ду кишвар 50% афзуда, ба 14 миллиард доллар расид. Имкон дорад, ки ин нишондод ба 20 миллиард доллар расонда шавад, ки ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисодиёти Узбекистон аз 14 миллиард доллар бештар шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо бо ниҳодҳои бонуфузи бонкӣ ва молии Чинро баррасӣ карданд. Иштироки ширкатҳои чинӣ дар равандҳои хусусигардонии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, президент Мирзиёев бар пояи муҷассамаи Қаҳрамнони халқӣ гулчамбар гузошта, ба хотираи муборизони роҳи истиқлолияти миллӣ ва озодии халқи Чин дар асрҳои 19 ва 20 эҳтиром гузошт.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian