ПИРӮЗИИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК МУБОРАК!

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 29.01.24. Навид.

Тоҷикистон бори дигар дар сархати бонуфузтарин расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон шоми 28-уми январи соли 2024 дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуда, бори аввал ба даври чорякниҳоии мусобиқаҳом футболи Осиё роҳ ёфт. Акнун бозигарони Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти Ироқу Урдун вориди рақобат хоҳанд кард.

Бозии тими Тоҷикистон бо дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳа – пойтахти Қатар дар ҳузури 33 ҳазору 584 тамошобин баргузор шуд. Бахши асосии мусобиқа бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, вале дар ҷараёни зарбаҳои 11-метрӣ тими Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 бар иморотиҳо дастболо шуд.

Иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё имсол барои варзиши кишвари мо таърихсоз шуд. Тими Тоҷикистон бори аввал бо касби 4 имтиёз ҷойи дуюмро ба даст оварда, роҳи худро барои иштирок дар даври 1/8-ниҳоӣ боз кард, ва инак барои бори аввал ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё баромад, ки ин гоми шоистаест барои Тоҷикистон.

Пирӯзии футболбозони тоҷик мавҷи хушҳолиро дар миёни мардуми кишвар ва ҳаводорони зиёд дар кишварҳои ҳамзабон ва дӯст ба вуҷуд овардааст. “Ғуриши шерҳои форсӣ ларза бар пайкари иморотиҳо меандозад…”, – навиштааст гузоришгари футболи Эрон дар паҳлуи садҳо табрику паём пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian