ТОҶИКИСТОН ВА УРДУН – ТАЪРИХИ РАҚОБАТ

navid
Дакикахо. хондан: 2

Душанбе. 30.01.24. Саид Назаров. Навид.

Тоҷикистон ва Урдун дар даври ¼ ниҳоӣ байни ҳам мубориза хоҳанд кард. Тоҷикистон баъди шикаст додани мунтахаби АМА ва Урдун бо пирӯзӣ бар тими Ироқ ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Мусобиқи дастаи футболбозони Тоҷикистон рӯзи 02.02.2024 дар майдони Аҳмад Бин Алӣ шаҳри Ал-Райяни Қатар баргузор хоҳад шуд.

То ин дам ҳарду тими мунтахаб 5-маротиба байни ҳам бозӣ кардаанд, ки дар он се маротиба Урдун, як маротиба Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварда ва як бозии дигар мусовӣ хатм шудааст.

 Бозии нахустини Тоҷикистон бо Урдун 11.06.2015 дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки бо ҳисоби 1-3 ба нафъи футболбозони Урдун анҷом ёфт. Дар ин мусобиқа голи Тоҷикистонро Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонда буд.

Бозии дуюм дар Урдун баргузор шуд, ки бо ҳисоби 3-0 ба нафъи урдуниҳо хатм шуд.

Бори сеюм дар бозии дӯстона, ки рӯзи 01.02.2021 бургузор шуд, Тоҷикистон аз Урдун бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрда буд.

Баъди ин пас аз чаҳор рӯз аниқтараш дар таърихи 05.02.2021 Тоҷикистон тавонист Урдунро бо ҳисоби 1-0 шикаст диҳад. Ин авалин ғалабаи тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар муқобили Урдун буд, ки бо голи задаи Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 79-уми рақобат ба даст омад.

Бори панҷум дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026, тими футболи кишвар бо тими футболи Урдун дар рақобат шуд. Голи задаи Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-уми рақобат Тоҷикистонро ба пеш баровард, аммо дар дақиқаи 93-уми рақобат дастаи Тоҷикистон ба дарвозаи худ гол сар доду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ 1-1 анҷом ёфт.

Аз рӯйи натиҷаҳои бозӣ маълум мешавад, ки футболбозони кишвар таҷрибаи бозӣ бо тими футболи Урдунро доранд ва метавонанд натиҷаи хуб ба даст биёранд.

Дар рейтинги ҷаҳонӣ Урдун дар ҷойи 87-ум ва Тоҷикистон дар ҷои 99-ум қарор доранд. Дар сурати ғалаба, тими футболи Тоҷикистон чанд зина боло хоҳад рафт.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian