18 МИЛЛИОН СОМОНӢ – ВАЪДАИ ҶОИЗАИ КОРХОНАИ ТИЛЛОИ “ЗАРАФШОН” БА ТИМИ МИЛЛӢ

navid
دقایق. خواندن

Душанбе. 02.02.24. Навид.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврали соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки корхонаи муштараки тиллои Тоҷикистону Хитой –  “Зарафшон”, ба тими миллии футболи Тоҷикистон барои пирӯзиаш дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар 2 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Ин ташкилот ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиҳои баъдӣ ва ба даст овардани Ҷоми Осиё барои тими миллӣ дар маҷмуъ 18 миллион сомонӣ ҷоиза ҷудо мекунад. Чунин ҷоизаи бузург дар таърихи варзиши тоҷик бори аввал ҷудо карда мешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар иттилоияш гуфт: “…саноатчиёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки «Зарафшон» тасмим гирифтааст, ки дастаи мунтахаби миллии футболро бо мукофотпулиҳои иловагӣ ба андозаи зерин сарфароз намояд:

• барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ (1/4) – 2 миллион сомонӣ;

• барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ (1/2) – 3 миллион сомонӣ;

• барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ (финал) – 5 миллион сомонӣ;

• барои соҳиб шудан ба Ҷоми Осиё – 8 миллион сомонӣ”.

Пеш аз ин президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ, пешрафти тими миллиро бо 450 ҳазор доллар қадрдонӣ карда, барои баромадан ба нимфинал боз 200 ҳазор доллар ҷоиза ваъда дода буд.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian