УЗБАКИСТОН САФОРАТИ АФҒОНИСТОНРО БА ИХТИЁРИ ТОЛИБОН ДОД

navid
دقایق. خواندن

Душанбе. 05.02.24. Навид.

Толибон дар ин сафорат Мағфрулло Шаҳобро вакили муваққатии худ таъйин карданд.

Пас аз он ки Толибон дар 15-уми августи соли 2021 дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтанд, бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ, як қатор кишварҳои Халиҷи Форс, як қатор давлатҳои аврупоӣ намояндагони Толибонро қабул карданд ё сафоратхонаҳои Афғонистонро ба маъмурони онҳо супурданд. Покистон, Эрон, Туркманистон, Чин, Русия ва Қатар хеле пештар дипломатҳои Толибонро дар кишварашон қабул мекарданд.

Кишварҳои аврупоӣ, ғайр аз Испания бо Толибон иртибот барқарор накардаанд. Танҳо дар Испания, ки сафорати Афғонистон таҳти назорати дипломатҳои замони пеш аз Толибон қарор доранд, аммо бо маъмурияти Толибон, хусусан дар соҳаи хизматрасониҳои консулӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки номи гурӯҳи Толибон дар бештарини ин давлатҳо дар феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва фаъолияташон мамнуъ ворид аст.

Дар ин миён танҳо Тоҷикистон ягона кишварест, ки сафорати Афғонистонро ба Толибон насупурдааст.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian