ЭРОН БОЗИРО БОХТ ВА ҚАТАР БА ФИНАЛ РОҲ ЁФТ

navid
دقایق. خواندن

Душанбе. 08.02.24. Навид.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё тими миллии Эрон, ки яке аз муддаиёни финали Ҷоми Осиё-2023 ба шумор мерафт, мусобиқаро бо ҳисоби 3:2 бохт ва роҳро барои дастаи мунтахаби Қатар боз кард. Ин мусобиқа шаби чоршанбеи 7-уми феврал дар варзишгоҳи Ал-Тумамаи шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд.

Гуфтанист, ки ин мусобиқа яке аз бозиҳои сахту ҷолиб ва серголи Ҷоми Осиё-2023 буд, ки бо суръати баланд ва ҳуҷумҳои футболбозони ҳарду даста сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Қатар дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 10-уми феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаили Қатар соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад, бо тими миллии Урдун рақобат мекунад.

Тими миллии Қатар, ки қаҳрамони феълии Осиёст, барои ҳифзи ин мартаба мубориза хоҳад кард. Қатариҳо аз соли 1980 дар Ҷоми Осиё иштирок мекунанд ва соли 2019 барандаи ҷоми мусобиқа шудаанд.

Мунтахаби Қатар дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло шаш бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омадаанд. Ин даста дар гурӯҳи “А” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian