НИГАРОНӢ АЗ БУНЁДИ КАНАЛИ ҚУШТЕППА ДАР АФҒОНИСТОН

navid
Дакикахо. хондан: 2
Канали Қуштеппа

Душанбе. 09.02.24. Навид.

Бунёди канали Қуштеппа аз тарафи Толибон дар Афғонистон боиси нигаронии бархе аз доираҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

Қосимшоҳ Искандаров, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, зимни ибрози ин нукта гуфт, ки то имрӯз 100 км канали Қуштеппа сохта шудааст. Ӯ гуфт, ки сохтмони ин канал барои Осиёи Марказӣ паёми фоҷеабор дорад.

Ба иттилои мутахассисон, канали обёрии Қуштеппа, ки аз ҷониби ҳукумати Толибон* сохта мешавад, бидуни назардошти рахнашавӣ ва садамаҳо, хоҳ-нохоҳ то 15-20% аз маҷрои умумии Амударёро мегирад. Баъди ба истифода додани НБО -и “Роғун” дар Тоҷикистон, ки аз ҳамин дарё об мегирад, вазъи марбут ба об дар ин қисми Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ мушкил мешавад.

Рӯзи 12-уми октябри соли 2023 мансабдорони ҳукумати Толибон* қисми аввали канали Қуштеппаро ифтитоҳ карда, аз сохтмони қисмати дуюми он хабар доданд.

Тибқи нақша сохтмони канал 285 км буда, бараш 100 метр ва чуқуриаш қариб 8,5 метр ба нақша гирифта шудааст. Толибон гуфтаанд, арзиши лоиҳа 684 млн долларро ташкил медиҳад ва онро бидуни кумаки беруна амалӣ мекунанд.

Канали Қуштеппа дар вилояти Балхи Афғонистон аз рӯди марзии Амударё сарчашма мегирад, ки қаламрави Афғонистонро аз ҳамсояҳои шимолиаш – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷудо мекунад. Татбиқи лоиҳа ба камобшавии обанбор таҳдид мекунад, ки махсусан Тошкандро ба ташвиш овардааст. Ин гуна нигаронӣ қабланпештар аз ҷониби президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев садо дода буд.

Сохтмони канал барои Ӯзбекистон ва Туркманистон – кишварҳое, ки дар поёноби Амударё воқеъ шудаанд, ба мушкили ҷиддӣ табдил меёбад.

*Ин созмон дар Тоҷикистон дар руйхати ташкилотҳои террористӣ қарор дорад.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian