ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

navid
دقایق. خواندن

Душанбе. Навид. 13.02. 2024

28-уми феврал дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад.

Дар иҷлосия ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» шунида шуда, баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», дигар қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои таъйин ва озод намудани муовини якум ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

این مقاله را به اشتراک بگذارید
بازخورد بگذارید
fa_IRPersian